Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол доир гардид, ки дар Исроил Шарипов, муовини раиси федереатсияи футболи вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба тарбия оғоз гардид.
Сипас, Умед Хуҷазода, декани факултети педагогика ва варзиш дар мавзуи “Бозии футбол муаррифгари давлату миллат” ва Шарипов Ҳалим, дудири кафедраи тарбияи ҷисмони ва омодагии дифои ҳарбӣ дар мавзуи “Таъсири муҳити донишгоҳ ба рушди истеъдодҳои ҷавон дар футбол” маъруза намуданд .



