Имрӯз дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо иштироки омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони Литсейи назди донишгоҳ дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ ҳайати иштирокчиён аз намоишгоҳи дастовардҳо ва ихтирооти омӯзгорону донишҷӯён дидан намуданд. Дар ин намоишгоҳ намунаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ихтироъҳо ва лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯён ба намоиш гузошта шуда, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба худ ҷалб намуд. Иштирокчиён ба сатҳу сифати корҳои пешниҳодшуда баҳои баланд дода, барои рушди минбаъдаи чунин ташаббусҳо изҳори назар карданд.
Сипас, қисми расмии чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим оғоз гардид.
Дар ҷамъомад профессор Ҷ. Собиров зимни баромади худ таъкид намуд, ки баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани завқи илмии ҷавонон ва дарёфти истеъдодҳои нав мусоидат менамояд. Ҳамчунин, номзади илмҳои техникӣ Ш. Сафарзода оид ба аҳамияти рушди тафаккури техникӣ ва ҷалби ҷавонон ба ихтироъкорӣ ибрози андеша намуда, иштирокчиёнро ба фаъолият ва навоварӣ ҳидоят кард.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, рушди тафаккури илмӣ, тарғиби донишандӯзӣ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои гуногун роҳандозӣ гардидааст.

