Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-методӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои Шуро, омӯзгорон ва намояндагони сохторҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим оғоз намуда, ба баррасии масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа буда, оғоз бахшид.
Аз рӯйи масъалаи якум «Вазъи феълӣ ва сатҳи сифати донишазхудкунии донишҷӯёни хатмкунанда дар ихтисосҳои соҳаи омӯзгорӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯи ин масъала гузориши Аминов Раҳматулло, мудири кафедраи фаъолияти гумрук шунида шуда, таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи дониш, малака ва қобилияти касбии донишҷӯён яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати таълимии донишгоҳ мебошад. Дар ин замина, истифодаи усулҳои муосири таълим, назорати мунтазами раванди омӯзиш ва такмили барномаҳои таълимӣ зарур шуморида шуд.
Сипас, масъалаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар риштаи пажуҳиши муҳаққиқон” баррасӣ гардид. Дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик Худоёрзода Раҷабалӣ зимни баромади худ аҳамияти омӯзиши ин асари бузурги адабиро дар тарбияи маънавӣ, худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури донишҷӯён муҳим арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар заминаи омӯзиши осори классикӣ бояд тақвият дода шавад.
Дар қисмати ҷамъбастӣ масъалаҳои ҷорӣ муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва густариши фаъолияти илмӣ-методӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

