Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат оғоз ёфт. Ректори донишгоҳ зимни баромади худ аҳаммияти илму донишро дар рушди ҷомеа, нақши олимону муҳаққиқонро дар пешрафти давлатдорӣ ва зарурати дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод таъкид намуд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки сиёсати маорифпарваронаи давлат барои густариши фазои илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар идомаи конференсия доктори илмҳои химия, профессор Ғафуров Бобомурод дар мавзуи «Саҳми академик У. Мирсаидов дар баланд бардоштани касбияти омӯзгорони фанни химия ва биология дар даврони Истиқлолият» суханронӣ намуда, хизматҳои арзишманди олимони тоҷикро дар рушди соҳаи маориф ва илм бозгӯ кард.
Доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ашурова Шаҳло бо маърузаи «Динамикаи нақши забони русӣ дар гуфтугӯи илмии ҷаҳонӣ: омор ва стратегияҳо» баромад намуда, ҷойгоҳи забони русиро дар муҳити ҷаҳонии илмӣ ва равандҳои муосири иртибототи илмӣ таҳлил кард.
Ҳамчунин доктори илмҳои фалсафа, дотсент Субҳонзода Салоҳиддин дар мавзуи «Тасвири илмии олам дар фалсафа» маърӯза намуда, робитаи ҷаҳонбинии илмӣ ва фалсафиро шарҳ дод.
Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи фаъолияти гумрук Мирзоев Аъзам дар бораи «Рушди устувори иқтисоди миллӣ дар заминаи рақамикунонӣ ва инноватсия» андешаронӣ намуда, зарурати татбиқи технологияҳои рақамӣ дар иқтисоди миллӣ ва идоракунии муосирро муҳим арзёбӣ кард.
Дар қисмати ҷавонони муҳаққиқ магистри курси якум, ихтисоси филологияи тоҷик Маъво Хошокова бо маърузаи «Васфи хирад ва доноӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ» баромад намуда, арзишҳои маънавию ахлоқии осори безаволи Абулқосим Фирдавсиро таҳлил намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки кор дар бахшҳо идома дорад.

