Бо қарори Шурои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз 14 апрели соли 2026, №8 маҷмуаи мақолаҳои илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Уфуқҳои андеша» ба чоп тавсия гардид.
Маҷмуа зери таҳриру мураттибии С.Шарипов ва У. Назаров омода гардида, дар ҳаҷми 372 саҳифа ба нашр расидааст.
Ин китоб дастоварди арзишманди муҳаққиқону устодон буда, самараи ҷустуҷӯҳои илмӣ ва андешаҳои тозаи муҳаққиқонро дар бар мегирад.
Дар маҷмуа мақолаҳои илмӣ-назариявии устодон, унвонҷӯён, докторантони PhD ва магистрантони факултетҳои филологияи тоҷик, педагогика ва варзиши донишгоҳ гирдоварӣ шудаанд.
Маводи нашргардида масъалаҳои муҳими забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, публитсистикашиносӣ, педагогика ва психологияро фаро гирифта, барои таҳқиқоти минбаъда заминаи мусоид фароҳам меорад.
