Имрӯз дар назди кафедраи нақлиёти автомобилӣ маҳфили илмӣ таҳти унвони “Идоракунӣ дар нақлиёт” баргузор гардид. Дар кори маҳфил омӯзгорон, донишҷӯён ва ҳаводорони соҳаи нақлиёт фаъолона иштирок намуданд.
Дар ҷараёни маҳфил маърузаи донишҷӯи курси сеюм, ихтисоси ташкили ҳамлу нақл, С. Раҳмонов дар мавзуи “Талабот ба воситаҳои нақлиёт ва интиқоли борҳо дар замони муосир” шунида шуд.
Номбурда зимни баромади худ доир ба рушди соҳаи нақлиёт, истифодаи технологияҳои навин, баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат, мутобиқсозии воситаҳои нақлиёт ба меъёрҳои байналмилалӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии ҳамлу нақли борҳо маълумоти муфид пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба самаранокии интиқоли бор, кам намудани хароҷот ва истифодаи роҳҳои муосири логистикӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни маҳфил баъд аз анҷоми маъруза фикру мулоҳизаҳои худро иброз дошта, доир ба мавзуъ саволу ҷавоб анҷом доданд. Қайд гардид, ки баргузории чунин маҳфилҳо барои баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва омодасозии мутахассисони варзидаи соҳа нақши муҳим дорад.

