Дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе дастаи “Леваканд”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар Маҳфили зарифон бо дастаи “Борбадиён”-и Донишкадаи санъат ва фарҳанг қувваозмоӣ намуда, соҳиби 122 хол гардид.
Чорабинии мазкур дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илм, муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”, Суруш-медиа ва дигар шарикони лоиҳа бо ҳадафи рушди зеҳнӣ, эҷодӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор мегардад.
Дастаи “Леваканд”- и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар чорабиниҳои фарҳангиву эҷодӣ фаъолона ширкат варзида, шаъну шарафи донишгоҳро дар сатҳи ҷумҳурӣ шоиста муаррифӣ мекунанд.

