– зери ин унвон монографияи Давлатбекзода Вайсиддин Давлатбек, н.и.п., саромӯзгори кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба нашр расид.
Дар монография масъалаҳои муҳими ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо оила мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии таълиму тарбияи кӯдакон пешниҳод шудаанд. Муаллиф бо такя ба таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибаи педагогӣ нақши муҳити солими оилавиро дар ташаккули шахсияти кӯдак муҳим арзёбӣ намудааст.
Муҳаррири масъули китоб номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбонов Файзалӣ буда, тақризро доктори илмҳои педагогӣ, профессор Изатова Муҳаббат, инчунин номзади илмҳои педагогӣ Каримова Маҳфират анҷом додаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, муҳаққиқон, донишҷӯён ва волидон манбаи муфиди илмӣ ва методӣ ба ҳисоб меравад. Монография дар самти таҳкими ҳамкории оила ва муассисаи таълимӣ саҳми арзанда гузошта, барои беҳтар намудани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас мусоидат хоҳад кард.
