Дар кафедраи забон ва адабиёти руси пешдифои рисолаи илмии омӯзгори кафедра Нилуфари Фатҳуллоҳи Абдуллозода дар мавзуи: «Перевод как форма межнациональных литературных взаимосвязей (в контексте перевода басни Ивана Крылова на таджикский язык)» таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Салихов Нурали Назарович баргузор гардид.
Дар ҷараёни пешдифо мудири кафедраи забон ва адабиёти рус, доктори илмҳои педагогӣ, дотсент Ашӯрова Шаҳло Кулобиевна, доктори илмҳои филологӣ, профессор Юсупова Заррина Розиқовна, дотсентони кафедра Рустамзода Муқаддас Рустам, Шамсудинова Рафоат Саидовна, Саидова Марҳабо, инчунин омӯзгорони кафедра иштирок намуда, вобаста ба муҳтавои рисола, аҳамияти илмӣ ва арзиши таҳқиқотӣ андешаҳои судманд ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

