Дар доираи тавсеаи ҳамгироии муассисаҳои Таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои байналмилалии раддабандӣ, миёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Созишномаи мазкур бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози раддабандии байналмилалии «UI GreenMetric World University Rankings» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, ба рушди ҳамкориҳо дар самти татбиқи меъёрҳои «донишгоҳҳои сабз», баланд бардоштани нишондиҳандаҳои экологӣ ва омодасозии муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои иштирок дар рейтингҳои байналмилалӣ равона гардидааст.
Дар доираи ҳамкорӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати ворид шудан ба раддабандии байналмилалии «UI GreenMetric», такмили нишондиҳандаҳои марбут ба инфрасохтори сабз, идоракунии устувори муҳити зист, истифодаи технологияҳои рақамӣ, самаранокии энергетикӣ ва таҳкими фарҳанги экологӣ кумаки машваратӣ, методӣ ва ташкилӣ мерасонад.
Ҳамзамон, ҷонибҳо барои роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, баргузории форумҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои байналмилалӣ дар самти рушди устувор, иқтисоди сабз ва ҳифзи муҳити зист изҳори омодагӣ намуданд.
Зикр гардид, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти донишгоҳҳои кишвар дар доираи раддабандии байналмилалии «UI GreenMetric» ба баланд гардидани нуфузи байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, тақвияти рақобатпазирии онҳо ва рушди низоми муосири «донишгоҳҳои сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.
ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН ҲАМОҲАНГСОЗИ МИЛЛИИ «UI GREENMETRIC»

