Дар доираи сафари корӣ ҳайати устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон, аз ҷумла аз мадрасаҳои “Шердор”, “Улугбек” ва “Тиллокор”, ки дар регистони шаҳри мазкур ҷойгир аст, боздид намуданд.
Ҳамчунин дар идомаи сафар аз ибодатгоҳи Ал-Бухорӣ ва хона-музейи Қаҳрамони олии Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ дидан карданд.
Дар баробари тамошои ин мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳӣ роҳбаладон ба устодон маълумоти зарурӣ пешниҳод карданд.
Мо ҳайати устодони донишгоҳ аз тамошои чунин мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳӣ таассуроти хуб бардошта, метавонем аз он дар ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолиятҳои дигар васеъ истифода намоем.

