Бо дастгирии Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав як гурӯҳ устодони донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар курси омӯзишии байналмилалӣ таҳти унвони «Мактаби байналмилалии тобистонаи Самарқанд: психологияи асри XXI. Ҷустуҷӯи маънои зиндагӣ» ба шаҳри Самарқанд сафар намуданд.
Барномаи омӯзишӣ дар заминаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов баргузор гардида, дар он мутахассисону муҳаққиқон аз кишварҳои гуногун масъалаҳои мубрами равоншиносии муосир, тарбияи шахсият, маънои зиндагӣ ва нақши илм дар рушди ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи ин сафар ҳайати устодони донишгоҳ аз маконҳои таърихиву фарҳангӣ ва зиёратгоҳҳои машҳури шаҳри Самарқанд низ боздид ба амал оварданд. Аз ҷумла, онҳо ба мавзеи муқаддаси “Хизр”, маҷмааи таърихии “Шоҳи Зинда” ва оромгоҳи “Дониёр” рафта, оид ба таъриху фарҳанг ва нақши ин мавзеъҳо дар тамаддуни шарқ маълумоти муфид гирифтанд.
Ҳамзамон, устодон аз боғҳои фарҳангӣ ва мавзеъҳои сайёҳии шаҳр низ дидан намуда, бо муҳити фарҳангиву иҷтимоии Самарқанд аз наздик ошно гардиданд. Чунин сафарҳои илмӣ ва фарҳангӣ барои баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, ғанӣ намудани донишу таҷриба ва истифодаи самараноки онҳо дар фаъолияти таълимӣ мусоидат менамоянд.

