Дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» ва ҷаласаи мубоҳисавӣ дар мавзӯи «Ҳизбҳои сиёсӣ: таҳкими пули дӯстӣ ва ҳамкорӣ», ки ба пешвози 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар кори форум муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур, Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Парламент ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Шариф, инчунин намояндагони ҳизбҳои сиёсии як қатор кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Аҳадҷон Ализода низ иштирок намуд. Мавсуф дар доираи форум бо намояндагони муассисаҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ мулоқот намуда, доир ба нақши ҷавонон, маориф ва таҳкими арзишҳои миллӣ дар рушди ҷомеа табодули назар анҷом дод.
Форум ҳамчун майдони муҳими муколамаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардида, ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, рушди ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба миёни ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намуд.
