Имрӯз дастаи «Леваканд»-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар барномаи зеҳнии «Заковат»-и телевизиони “Тоҷикистон” бо дастаи «Пайрав»-и Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон қувваозмоӣ намуда, бо натиҷаи назаррас ба пирӯзӣ ноил гардид.
Дар ҷараёни рақобати иштирокчиёни дастаи «Леваканд» донишу малакаи баланди худро нишон дода, ба саволҳои гуногуни илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ посухҳои дақиқ пешниҳод намуданд. Дар натиҷа даста бо 295 хол бар рақиби худ ғолиб омад.
Пирӯзии дастаи «Леваканд» нишонаи сатҳи баланди омодагии донишҷӯён ва таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии ҷавонон арзёбӣ мешавад.
