Имрӯз дар назди кафедраи фалсафаи факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рисолаи номзадии унвонҷӯёни кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Қудратзода Руҳафзо Қудрат дар мавзуи “Худмуайянкунии иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъият ва дурнамои он” ва Пиров Авзалшоҳ Искандарович, дар мавзуи “Ташаккулёбии муқаддасоти оилавии табақаҳои ҷавон дар Тоҷикистони муосир: анъанаҳо, равишҳо ва мушкилотҳо” мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.
Дар муҳокимаи рисолаҳо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек, мудири кафедраи фалсафа, Субҳонзода Салоҳиддин Субҳон , ва кормандони шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ номзади илмҳои фалсафа, ходими калони илмии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Рамазониён Аҳтам Бобосафар ва номзади илмҳои фалсафа, ходими калони илмии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Гардоншо Алишер Меҳробшо ва дигар омӯзгорону унвонҷӯёни факултет иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки унвонҷӯён зери роҳбарии доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ, Шоисматулоев Шоназар корҳои илмӣ намуданд.
