
Ҷойи ифтихор аст, ки ватани маҳбубамон бо гузашти вақту замон ва талошҳои пайгиронаи фарзандони ҷасуру матиниродаи хеш боз ҳам ободу зебо гардида истодааст. Мади назар аз он замонҳое, ки душманони миллат ватани маҳбубамонро ба як макони хоку хун табдил дода буданд.
Мардони ҷасури миллат бо иродаи қавии хеш ватанро ба як макони зебо ва соҳиби Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллии сартосарӣ табдил доданд.
Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ зарурате пеш омад, ки Тоҷикистон аз нав ба як давлати соҳибистиқлол табдил ёбад. Аз ин рӯ, кишвари маҳбубамон 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро эълон намуд, аммо мутасифона бо дахолати душманони аҷнабӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба вуҷуд омад. Хушбахтона, баъди сари қудрат омадани Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои кишвар рӯ ба пешравӣ ниҳода, натиҷаҳои хуб ба бор оварданд.
Ҳукумати кишвар ва махсусан сарвари давлат ба ҷавонон мароқи хоса зоҳир менамоянд, чунки пешбарандаи ҷомеаи башари худи онҳо шинохта шудаанд. Ҳамчунин ин қишри ҷомеа афкори тоза доранд, аз илмҳои муосир бохабар ҳастанд ва дар рушд бахшидани соҳаҳои хоҷагии халқ метавонанд ҳиссаи арзанда гузоранд. Аз имкониятҳои техника ва техналогияи навин васеъ истифода менамоянд. Ба ин нигоҳ накарда барои мукамалсозии дониш ва таҷрибаи хеш боз забонҳои хориҷиро аз худ мекунанд. То ки ватани маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ муарифӣ намоянд ва ба ватан баргашта кафили миллати хеш бошанд. Ҷавонони замони Истиқлол аз он мефахранд, ки Ҳукумати кишвар роҳи осони дохилшавиро барои онҳо роҳандозӣ намудааст.
Имрӯз барои ҷавонон ҳамчунин шароити кору фаъолият низ муҳайё шудааст. Дар солҳои 1991-1992 ҷанги хонумонсӯз, яъне ҷанги шаҳрвандӣ дар ватани маҳбуби мо сар зад, ки ин Тоҷикистони навистиқлолро як такони азиме дод. Мардуми кишвар ба давлатҳои ҳориҷа аз ҷумла Афғонистон, Чин, Ӯзбекистон ва дигар манотиқи кишварҳо гуреза шуданд. Ба ин нигоҳ накарда Пешвои муаззами мо ҳалқи тоҷикро муттаҳид сохт ва кишварро ба як давлати дорои сулҳ табдил дод. Ногуфта намонад, ки Тоҷикистони маҳбуби моро душманони миллат бо мақсадҳои ғаразноки хеш мехостанд аз байн бубаранд ва ҳадафҳои носолими хешро роҳандози намоянд. Хушбахтона ақли солим ғалаба намуда, ваҳдату субот дар кишвар пойдор гардид.
Воқеан ҳам Истиқлолияти давлатӣ халқи парешонгаштаро бо ҳам сарҷамъ ва муттаҳид намуда, ба сӯи қуллаи мурод роҳнамоӣ намуд. Метавон гуфт, ки маҳз ин рӯйдоди таърихӣ боис гардид, ки халқи тољик асли худро хубтар шиносад. Чӣ хуш аст, ки халқи тоҷик дар фазои орому осуда зиндагӣ ва фаъолият доранд. Яъне ин неъмати бебаҳо, Истиқлолияти комилу ваҳдати сартосарӣ бо талошҳои рӯзафзуни мардуми хирадпешаву сулҳҷӯи тоҷик ба даст омадааст. Хушбахтона, хурду бузурги Тоҷикистон хавфу хатари парешониро эҳсос намуда, бо ҳам аз як гиребон сар бароварда, ба бунёди ҷомеаи воқеан ҳам, амну осоишта машғул шуданд. Мардуми шарифи Тоҷик бояд, тавонанд то абад сулҳу ваҳдатро дар ватани маҳбубамон пойдор нигоҳ доранд.
Имсол 35 солагии Истиқлоли давлатиро сокинони саодатманди кишварамон бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифта истодаанд, ки ин аз арзиши баланд доштани ин ҷашни муқаддас дарак медиҳад.
Шамсулло Саъдуллозода,
мутахассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
