Имрӯз, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо Медали ифтихории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.
Ин мукофоти ифтихорӣ нишони қадршиносӣ аз фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди соҳаи маорифу илм, тарбияи насли ҷавон ва таҳкими мавқеи Донишгоҳи давлатии Бохтар дар самти таълиму тарбия ва корҳои созандагӣ арзёбӣ мегардад.
Сарфароз гардонидани ректори донишгоҳ бо чунин мукофоти давлатӣ дар арафаи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рамзи эҳтиром ба заҳматҳои аҳли маориф ва илм, инчунин арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар пешрафти ҷомеа мебошад.
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳматро ба муносибати ин дастоварди арзишманд самимона табрик гуфта, барояшон дар фаъолияти минбаъдаи роҳбарӣ ва илмиву омӯзгорӣ комёбиҳои нав орзу менамоянд.

