Суханронии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Инак, ба фарорасии санаи сарнавиштсозу муқаддас – Истиқлолияти давлатӣ, ки дастоварди арзишманди миллати тоҷик мебошад, сиву панҷ сол пур мешавад. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши таърихӣ ҳайати профессорону устодон ва тамоми донишҷӯёни донишгоҳро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ самимона табрик мегӯям.
Бо эътимод метавон гуфт, ки маҳз Истиқлолияти давлатӣ ҳувияти миллии мардуми тоҷикро боло бурд ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.
Ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш сохт, ки Истиқлолияти давлатии мо ҳанӯз дар ибтидои давлатдорӣ ба вазъи душвору фоҷиабор рӯ ба рӯ шуд ва раванди ҳодисоти фоҷиабори он рӯзҳо нагузошт, ки мо иқтидори давлати ҷавони худро мустаҳкам гардонем ва барои муаррифии он дар арсаи ҷаҳон рамзҳои давлатии кишвари соҳибистиқлоламонро қабул кунем.
Дар он айём бенизомӣ ба ҳадде расида буд, ки Шурои Олии мамлакат, ҳамчун ягона мақоми қобили кор, натавонист иҷлосияи худро дар шаҳри Душанбе баргузор созад ва маҷбур шуд, ки бо ташаббуси гурӯҳи вакилон ҷаласаи худро дар шаҳри бостонии Хуҷанд даъват намояд. Ин иҷлосия, ки минбаъд дар таърихи навини халқамон бо номи иҷлосияи тақдирсози шонздаҳум сабт шуд, дар роҳи ба эътидол овардани вазъи ноороми кишвар нақши бузурги таърихӣ бозид ва роҳу сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷикро муайян намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи XVI- и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб шуданд, ба ояндаи кишвари худ назари нек доштанд ва бо боварӣ ин мароми наҷиби худ – “Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам”, -ро иброз доштанд.
Аз аввалин тадбирҳои муҳимме, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид, қабул шудани Конститутсия ва дар заминаи он ташаккул ёфтани низоми нави қонунгузории кишвар буд. Ҳамзамон зарурати барқарор намудани фаъолияти ҳамаи зинаҳои сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ ва таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимият ба миён омада, сохторҳои давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нав ташкил карда шуданд ва ислоҳоти идораи давлатӣ оғоз гардид.
Ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодии кишвар дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ ба куллӣ тағйир ёфт ва ҳалли масъалаҳои ин соҳањо аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат буд. Дар ин муддат ҳуҷҷатҳои барномавии зиёде қабул ва амалӣ гардиданд, ки барои пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ нақши муҳим бозиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин барномаҳо сатҳи инкишофи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, илм ва фарҳанг хеле боло рафт.
Истиқлолият, дар таърихи илму маорифи тоҷик, бешубҳа, гардиши куллӣ ва марҳалаи сифатан нави рушд мебошад. Ба вуҷуд овардани фазои мусоид барои рушди илму маориф, ворид намудани технологияҳои муосир, тарбияи кадрҳои замони нав аз вазифаҳои Ҳукумати кишвар маҳсуб меёфт.
Дар ин раванд Ҳукумати мамлакат ислоҳоти мақсадноки соҳаи маорифро оғоз намуд. Дар яке аз суханрониҳои хеш Пешвои миллат бахшида ба рушди соҳаи маориф изҳор доштанд, ки: «Агар мо хоҳем, ҷомеаи обод ва давлати пешрафта дошта бошем, бояд бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳо рушди соҳаи илму маорифро таъмин кунем, зеро танҳо миллати босаводу донишманд давлати худро пешрафта мегардонад».
Бо ин мақсад, дар замони Истиқлолият маблағгузории соҳаи маориф садҳо баробар зиёд карда шуда, аз 41 миллион сомонии соли 2000-ум дар соли 2026 ба 14 миллиард сомонӣ расонида шуд. Ин нишондод нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум, панҷуним баробар зиёд мебошад.
Дарвоқеъ, маориф дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии давлат ва Ҳукумат ба як рукни муҳимми иҷтимоӣ табдил ёфт. Дар робита ба ин, ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон хизмати басо арзишманд намуда, дар густариши худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси ватандорӣ ва шинохти рисолати таърихии халқи сарбаланди тоҷик дар зеҳни донишҷӯён таъсири амиқ гузоштанд.
Бовар дорам, ки ин ҳайати бонуфуз минбаъд низ рисолати худро идома хоҳанд дод. Дар баробари ин, эҳсос мекунем, ки шинохти манфиатҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҳимояи Ватан, хизмати содиқона барои рушду ободии кишвар талаботро нисбат ба омӯзгорон даҳчанд баланд карда, дар айни замон мақому манзалати онҳоро боз ҳам болотар мебардорад. Ҷиҳати соҳиб шудан ба ин мақоми арзанда ба ҳар яки мо зарур аст, ки фаъолияти худро бо дарназардошти талаботи замони муосир ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоямонро барои тарбия ва ба воя расонидани насли солиму созанда ва ватандӯсту худшинос равона созем.
Пешвои миллат дар Паёму суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки ҳар қадар солҳо сипарӣ шаванд, ҳамон андоза аҳамияти сулҳу ваҳдати миллӣ барои халқу давлати Тоҷикистон равшантар шуда, ормонҳои волои Истиқлолият таҳким меёбад ва мо ба сўйи ояндаи нек қадамҳои устувор мегузорем. Дар асоси ҳамин ҳидоятҳои Пешвои миллат сулҳу ваҳдат дар ҷомеаи мо қавӣ гардида, фарҳангу маорифи миллӣ ташаккул меёбад ва рушд мекунад.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҷашни мубораку хуҷастаи 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи устодону донишҷӯён самимона табрик мегӯям.
35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
