
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат ва давлат арзишҳои муқаддас ва муҳимтарини сиёсиву миллӣ ба ҳисоб меравад. Тавассути соҳибистиқлолӣ давлат имконият пайдо мекунад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намуда, манфиатҳои миллӣ, тамомияти арзӣ, амнияти давлатӣ ва рушди устувори ҷомеаро таъмин намояд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо, тағйирёбии босуръати равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ масъалаи ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ аҳамияти махсусро доро мебошад.
Дар чунин вазъ ва шароит ҷавонон ҳамчун қисми фаъоли ҷомеа ва неруи бузурги зеҳниву иҷтимоӣ метавонанд дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳми густурда гузоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави давлатсозӣ ва давлатдории миллӣ рӯ овард. Дар ин давра масъалаи ташаккули насли ҷавони дорои ҷаҳонбинии миллӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва омодагӣ ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ва давлат арзёбӣгардид.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ на танҳо рӯйдоди муҳими сиёсӣ, балки оғози марҳилаи нави эҳёи давлатдории миллӣ гардид. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ барои таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва болоравии мавқеи байналмилалии кишвар фароҳам гардиданд.
Дар шароит ва вазъи имрӯза ҷавонон ҳамеша ҳамчун неруи фаъол, навовар ва пешбарандаи ҷомеа шинохта мешаванд. Онҳо дорои неруи ҷисмонӣ, қобилияти зеҳнӣ, ҷаҳонбинии нав ва омодагӣ ба қабули дигаргуниҳо мебошанд. Аз ин хотир, иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа метавонад ба рушди давлат ва таҳкими истиқлолияти он таъсири мусбат расонад.
Ҷойгоҳи ҷавонон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ пеш аз ҳама дар муносибати масъулонаи онҳо нисбат ба Ватан, давлат, ҷомеа ва арзишҳои миллӣ зоҳир мегардад. Ҷавоне, ки таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои миллии худро эҳтиром мекунад, манфиатҳои давлат ва миллатро ҳимоя менамояд ва дар рушди ҷомеа фаъолона иштирок мекунад, метавонад ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлатдорӣ хизмат намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ муайян кардааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» барои ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва истифодаи самараноки неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷавонон заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Аз ҷумла, тарбияи шаҳрвандӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон ба шумор мераванд.
Яке аз омилҳои муҳими ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Миллате, ки дорои худшиносии қавӣ ва эҳсоси баланди ҳувияти миллӣ мебошад, метавонад арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва давлатии худро ҳифз намояд.
Дар ин марҳала ҷавонон нақши махсус доранд. Зеро маҳз насли ҷавон интиқолдиҳандаи арзишҳои миллӣ аз як насл ба насли дигар мебошад. Омӯзиши таърихи миллат, эҳтиром ба забони давлатӣ, фарҳанг, анъана ва дигар арзишҳои миллӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрвандии ҷавонон аҳамияти муҳим дорад.
Худшиносии миллӣ набояд танҳо ҳамчун эҳсоси ифтихор аз миллат фаҳмида шавад. Он инчунин масъулияти шаҳрвандро дар назди давлат ва ҷомеа ифода мекунад. Ҷавоне, ки дорои худшиносии миллӣ мебошад, бояд дарк намояд, ки рушди давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлолияти кишвар ба фаъолияти ҳар як шаҳрванд вобаста мебошад.
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими ҷомеаи фаъол иштироки шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Иштироки ҷавонон дар фаъолияти ҷамъиятӣ ба онҳо имконият медиҳад, ки масъулияти шаҳрвандӣ, малакаҳои роҳбарӣ ва ҷаҳонбинии сиёсиро ташаккул диҳанд.
Ҷавонон метавонанд тавассути иштирок дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, ташаббусҳои шаҳрвандӣ ва фаъолияти ихтиёрӣ дар рушди ҷомеа ва пойдории истиқлолияти давлатӣ саҳм гузоранд.
Ҷалби ҷавонон ба идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ инчунин барои омода намудани кадрҳои ҷавони соҳибмаърифат ва масъулиятшинос аҳамияти муҳим дорад. Давлате, ки барои рушди иқтидори ҷавонон ва иштироки онҳо дар қабули қарорҳо шароит муҳайё мекунад, метавонад захираҳои инсонии худро самаранок истифода барад.
Таҳкими истиқлолияти давлатӣ имрӯз танҳо бо имкониятҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ маҳдуд намешавад. Истиқлолияти воқеӣ инчунин ба рушди илму маориф, иқтисоди миллӣ, технологияҳои нав ва рақобатпазирии ҷомеа вобаста мебошад.
Ҷавонон дар рушди иқтисоди миллӣ, соҳибкорӣ, технологияҳои рақамӣ, илм ва инноватсия метавонанд саҳми назаррас гузоранд. Ҳар қадар сатҳи дониш ва касбияти ҷавонон баланд бошад, ҳамон қадар иқтидори давлат барои рушди мустақилона зиёд мегардад.
Аз ин рӯ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, рушди таҳсилоти босифат, густариши фаъолияти илмӣ ва фароҳам овардани шароит барои ташаббусҳои ҷавонон бояд ҳамчун яке аз омилҳои муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ баррасӣ гардад.
Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз механизмҳои муҳими истифодаи иқтидори насли ҷавон ба манфиати давлат ва ҷомеа мебошад. Ҳадафи асосии чунин сиёсат бояд на танҳо ҳифзи иҷтимоии ҷавонон, балки ташаккули шахсияти фаъол, соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос бошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлат заминаҳои ҳуқуқӣ ва барномавӣ ташаккул ёфтааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» истифодаи самараноки неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷавононро ба манфиати ҷомеа пешбинӣ намуда, тарбияи шаҳрвандӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва ҷалби ҷавононро ба ҳаёти кишвар ҳамчун самтҳои муҳим муайян мекунад.
Таҳлили таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ҳамчун захираи стратегии давлат ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ мусоидат мекунад.
Метавон гуфт, ки дар тулли 35 соли истиқлолияти давлатӣ ҷавонон яке аз неруҳои асосии иҷтимоӣ-сиёсӣ ва захираи муҳими рушди давлат тавонистанд дар таҳким ва рушди давлатдории миллӣ мавқеъ ва мартаба пайдо намоянд.
Истиқлолияти давлатӣ арзиши бузурги миллӣ буда, ҳифз ва таҳкими доимиро талаб мекунад. Дар ин раванд ҷавонон бояд ҳамчун ҳимоятгарони арзишҳои миллӣ, идомадиҳандагони анъанаҳои давлатдорӣ ва созандагони ояндаи кишвар фаъолият намоянд.
Раҷабализода Самандар,муовини декан оид ба илм ва инноватсия, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ
