Имрӯз, 10-уми сентябри соли 2026, дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсия оид ба дастурдиҳӣ ва таҷрибаи педагогиӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории конференсия баррасии таҷрибаи пешқадами педагогӣ, омӯзиши усулҳои самараноки таълиму тарбия, таҳкими ҳамкории омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати фаъолияти таълимӣ арзёбӣ гардид.
Конференсияро мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ Ш. Раҳматуллозода оғоз намуда, доир ба аҳамияти таҷрибаомӯзии педагогӣ ва нақши он дар ташаккули малакаю маҳорати касбии донишҷӯён андешаронӣ кард.
Дар идомаи чорабинӣ масъалаи «Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишҷӯён дар рафти таҷрибаи педагогӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, масъалаи «Ҳуҷҷатгузории донишҷӯён ва талабот нисбат ба он» баррасӣ гардид.
Дар қисми дигари конференсия «Камбудӣ ва мувофиқати таҷрибаи педагогӣ дар нимсолаи пешин гузаронидашуда» мавриди таҳлил қарор гирифт.
Яке аз масъалаҳои муҳими конференсия «Аз таҷрибаи пешқадами устодони донишгоҳ: тавсия ва пешниҳодҳо барои беҳтар намудани фаъолияти таҷрибаомӯзии педагогӣ» буд. Дар ин бахш таъкид гардид, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ барои омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аҳамияти хос дошта, донишҷӯён бояд дар ин давра донишҳои назариявии худро бо фаъолияти амалии омӯзгорӣ пайваст намоянд.
Дар анҷом таъкид шуд, ки истифодаи таҷрибаи пешқадам, масъулияти баланд ва ҳамкории самараноки сохторҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таълимӣ метавонад дар баланд бардоштани сифати омодасозии омӯзгорони оянда нақши муҳим гузорад.

