Имрӯз бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба раванди баргузории дарсҳо аз ҷониби омӯзгорон, сатҳу сифати таҳсилот, омоданамоӣ ва такмили ихтисоси устодон ва сатҳи забондонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Сафарзода Анвар, масъулони Вазорати маориф ва илм, ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.
Инчунин, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ дар ин ҷаласаи корӣ ба таври онлайнӣ иштирок намуд.
Ҷаласаи мазкур бо мақсади таҳкими фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, такмили ихтисоси омӯзгорон ва татбиқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф баргузор гардид.

