Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи Раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти таълимию ташкилӣ ва омодагӣ ба соли нави таҳсил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст, Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим масъалаи муҳокима ва тасдиқи нақшаи кори Раёсати донишгоҳ барои соли таҳсили 2026–2027 баррасӣ намуд. Таъкид шуд, ки татбиқи саривақтии нақшаи корӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти самараноки сохторҳои донишгоҳ ва таъмини сифати раванди таълим аҳамияти муҳим дорад.
Сипас, Шуҳрат Ҳасанов, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ масъалаи омодагии донишгоҳ, факултетҳо ва кафедраҳо доир ба ташкили таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ва истеҳсолии донишҷӯён дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2026–2027 мавриди баррасӣ қарор дод.
Ректори донишгоҳ масъулинро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани таҷрибаомӯзии донишҷӯён, омодасозии заминаҳои зарурӣ ва назорати раванди он тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар идомаи ҷаласа дигар масъалаҳои ҷорӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба ҳар масъала масъулин вазифадор карда шуданд.
Ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат таъкид намуд, ки дар оғози соли нави таҳсил масъулияти ҳар як сохтор ва корманди донишгоҳ бештар мегардад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки масъалаҳои марбут ба раванди таълим, таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва иҷрои нақшаҳои корӣ бо масъулияти баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба роҳ монда шаванд.
Дар фарҷоми ҷаласа барои иҷрои босифат ва саривақтии масъалаҳои баррасишуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

