Дар факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилооти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҷлиси падару модар баргузор гардид.
Дар маҷлис Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ, роҳбарияти факултет, омӯзгорон ва падару модарони донишҷӯён иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба раванди таълиму тарбия, иштироки фаъоли донишҷӯён дар дарсҳо, риояи интизоми донишгоҳӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва ҳамкории мунтазами оила бо муассисаи таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Наргис Нурализода таъкид намуд, ки ҳамкории зичи падару модарон бо омӯзгорон ва роҳбарияти донишгоҳ дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, тарбияи масъулиятшиносӣ ва омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона нақши муҳим дорад.
Дар идомаи маҷлис падару модарон бо шароити таҳсил, дастовардҳо ва масъалаҳои марбут ба таълиму тарбияи фарзандонашон шинос шуда, фикру пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо барои таҳкими ҳамкории донишгоҳ бо падару модарон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу тарбияи донишҷӯён аҳамияти муҳим доранд.

