Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар сатҳи вилояти Хатлон оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, аъзои ҳайати ҳакамон, иштирокдорони озмун ва волидайни онҳо иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ таъкид гардид, ки баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ» барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии миллати тоҷик ва таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ миёни насли наврасу ҷавон аҳамияти муҳим дорад.
Иштирокчиёни даври сеюми озмун аз рӯи шартҳои муқарраргардида ҳунару маҳорати худро нишон дода, дар қироат ва азёдгӯии ашъор, достонҳо ва порчаҳои баргузида аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ рақобат менамоянд. Ҳайати ҳакамон баромадҳои иштирокчиёнро тибқи талаботи озмун баҳогузорӣ мекунад.
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳамчун яке аз шоҳкориҳои адабиёти классикии форсу тоҷик дар худ таъриху фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва ғояҳои ватандӯстии мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Аз ин рӯ, ҷалби ҷавонон ба омӯзишу қироати ин асари безавол метавонад дар ташаккули маърифати миллӣ ва эҳсоси масъулиятшиносии онҳо нақши муҳим гузорад.
Ҳадафи асосии озмун тарғибу эҳёи осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, тақвияти фарҳанги китобхонӣ, рушди маҳорати суханварӣ ва азёдгӯӣ, инчунин таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии насли ҷавон мебошад.
Даври вилоятии озмун дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав идома дошта, иштирокчиён барои нишон додани донишу маҳорати худ ва роҳ ёфтан ба марҳилаи навбатии озмун талош менамоянд.

