Дар факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҷлиси падару модар баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба раванди таълиму тарбия, иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳои дарсӣ, риояи интизоми донишҷӯӣ ва масъулияти муштараки донишгоҳу волидон дар таълиму тарбияи ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба волидон оид ба сатҳу сифати таҳсили фарзандонашон, иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ва риояи қоидаҳои дохилии донишгоҳ маълумот дода шуд.

