Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқ ба ҳаётро ба ҳайси ҳуқуқи табиӣ пазироӣ намуда маҳакҳои асосии онро муайян кардааст ва ҳар як давлате, ки ба ҷо овардани эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро эълон менамояд дар ин ҷода бояд мавқеи худро муайян созад.
Дар эъломияи умумии ҳуқуқи башар (10 декабри 1948) масъалаи матраҳшуда дар моддаи сеюми он чунин ҳал шудааст, яъне “Ҳар як инсон ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад”. Моддаи 6-и ПБҲШС (16 декабри 1966) низ муайян менамояд, ки “Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳаққи ҷудонопазири ҳар як инсон мебошад. Ин ҳуқуқ тавассути қонун ҳифз карда мешавад. Ҳеҷ кас наметавонад худсарона аз ҳаёт маҳрум карда шавад”.
Ҳар ҷомеаи мутамаддин ва давлати муосир ба сифати яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон, ҳуқуқ ба ҳаётро эътироф менамояд. Дар ин бахш Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешсаф буда, дар сатҳи конститутсионӣ ин имкониятро кафолат додааст. Дар қисми 2 моддаи 5 Конститутсияи ҶТ аз ҷумла омадааст, ки “Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд”. Таҳкими минбаъдаи худро ин ҳуқуқ дар қисми 1 моддаи 18 дарёфт намудааст, ки мувофиқи он “Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад”.
Кафолати ҳуқуқ ба ҳаёт танҳо дар доираи Конститутсия маҳдуд намегардад. Қонунҳои дигари соҳавӣ низ дар ҳимояи ин ҳаққи азалии инсон саҳм доранд.
Ҳамаи гуфтаҳои болоро ҷамъбаст намуда ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҳуқуқ ба ҳаёт – ин маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқии миллӣ ва байналхалқиест, ки табиӣ ва умумӣ будани ҳуқуқ ба ҳаётро эътироф намуда, дахлнопазирӣ ва ҷудонопазирии онро аз лаҳзаи таваллуд то фарорасии марги табиӣ ҳимоя менамояд.
Мазмуни ҳуқуқ ба ҳаётро якчанд унсури ба ҳам пайванд ташкил медиҳанд:
Масъалаи эътирофи оғози ҳаёт;
Эвтоназия;
Истифодаи қувваи мутаносиб, ки иқтидоран ба марг оварда мерасонад;
Ҳукми қатл.
Бо назардошти мавзӯи интихобнамудаи худ мо ба таҳлилу баррасии унсури аввали ҳуқуқ ба ҳаёт, яъне масъалаи эътирофи оғози ҳаёт мепардозем.
Масъалаи эътирофи оғози ҳаёт. Яке аз масъалаҳои баҳснок ва мураккабе, ки дар бахши ҳуқуқ ба ҳаёт мавҷуд аст, ин масъалаи муайян намудани оғози ҳаёт мебошад. Фаҳмиши ягонаи ин масъала хеле муҳим буда, махсусан барои татбиқи дурусти меъёрҳои ҳуқуқӣ оид ба ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳо муқобили ҳаёт мусоидат менамоянд.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад ва он аз лаҳзаи таваллуд ба миён омада, то фаро расидани марг идома меёбад. Вале ҳаҷм ва мазмуни ин ҳуқуқ дар доираи илмӣ баҳсҳои доманадорро ба миён овардааст. Баъзе аз олимон бар он назаранд, ки оғози ҳаёт ба шаклгирии ҷанин дар батни модар рост меояд. Қисми дигар лаҳзаи таваллуд ва қисмати дигар бошанд, худи раванди таваллудро оғози ҳаёти инсон мепиндоранд.
Илми муосири тиб, ба хулосае омадааст, ки инсон ҳамчун фардияти биологӣ ҳанӯз дар батни модар шакл мегирад. Аммо санадҳои байналхалқӣ – ҳуқуқӣ ва минтақавӣ бошанд ба ин масъала чандон равшанӣ наандохтаанд. Истисно аз ин андеша, Конвенсияи Амрикоӣ оид ба ҳуқуқи инсон аст, ки ҳуқуқи ба ҷо овардани эҳтиром нисбат ба ҳаёти инсонро аз лаҳзаи ҳомиладорӣ эълон менамояд.
Дар эъломияи Женева, ки моҳи сентябри соли 1984 дар Маҷмааи Умумии Асосиатсияи умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул гардида, то имрӯз амал менамояд ва қасами байналмиллалии кормандони тиббӣ мебошад, аз ҷумла омадааст, ки “… ман нисбати ҳаёти инсонӣ шурӯъ аз лаҳзаи ҳомиладорӣ эҳтироми мутлақ ба ҷо оварда, ҳатто зери таҳдид донишҳои тиббии худро бар зиёни меъёрҳои инсондӯстӣ истифода нахоҳам бурд”. Мувофиқан, чунин пиндоштан мумкин аст, ки ҳаёти инсонӣ аз лаҳзаи бордоршавӣ (ҳомиладорӣ) оғоз мегардад.
Тибқи моддаи 1 Конвенсияи СММ (20 ноябри 1989) оид ба ҳуқуқи кӯдак “Ҳамагуна мавҷудоти инсонии то синни 18 сола кӯдак ҳисобида мешавад, агар тибқи қонуне, ки нисбати ин кӯдак истифода мегардад, он пештар ба синни балоғат нарасида бошад”. Лаҳзаи ибтидоие, ки мавҷудоти инсонӣ кӯдак ҳисобида шавад муқаррар нагаштааст.
Дар дебочаи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гуфта мешавад, ки “Кӯдак, бинобар ба камоли ҷисмонӣ ва фикрӣ нарасиданаш, ба муҳофизату ғамхории махсус, аз ҷумла ҳифзи зарурии ҳуқуқӣ, чи то таваллуд ва чи баъди таваллуд, эҳтиёҷ дорад”. Яъне дар дебоча муқаррар гаштааст, ки ба ҳайси кӯдак на танҳо мавҷудоти тавлидёфта, балки дар батни модар қарордошта низ шинохта мешавад. Яъне махлуқи бордоршуда ва инсони тавлидёфта ҳамон як инсонанд, ки дар инкишофи худ ду марҳиларо паси сар кардаанд.
Эъломияи ҳуқуқи кӯдак, ки аз ҷониби СММ 20 ноябри соли 1959 қабул гардидааст, дар баробари муқаррар намудани таъминоти иҷтимоии кӯдакон, таъминоти дахлдори тифлро, то замони валодат ва чи баъди он, кафолат медиҳад. Ба ин восита эъломия ҳаёти кӯдакро то таваллуди вай эътироф менамояд.
Агар ба амалияи ҳуқуқтатбиқкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар андозем, пас хулоса карда метавонем, ки оғози ҳаёт баъди таваллуди тифл ва нафаскашии озоди вай эътироф гаштааст.
А. Аминзода,
дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
