Имрӯз дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҷлиси падару модар баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба раванди таълиму тарбия, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо, риояи интизоми донишгоҳӣ, муносибати масъулиятнок ба таҳсил ва ҳамкории муассиса бо волидон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳамкории пайвастаи падару модарон бо омӯзгорон ва масъулони факултет дар баланд бардоштани сатҳи дониш, тарбия ва масъулиятшиносии донишҷӯён нақши муҳим дорад.
Дар идомаи маҷлис ба саволу пешниҳодҳои волидон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, масъалаҳои марбут ба таҳсил ва зиндагии донишҷӯён баррасӣ шуданд. Масъулини факултет таъкид намуданд, ки чунин вохӯриҳо барои таҳкими робитаи донишгоҳ бо оила ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили донишҷӯён аҳаммияти муҳим доранд.

