Дар кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав муҳокимаи ду рисолаи илмӣ баргузор гардид.
Нахуст, диссертатсияи Эрматов Мансур Сирочиддинович дар мавзуи «Асосҳои ташкилӣ-иқтисодии самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ дар ҳудудҳои наздисарҳадии минтақаи Хатлон» мавриди муҳокима қарор гирифт. Таҳқиқоти мазкур барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.4 – Иқтисодиёти ҳудудӣ таҳия гардида, роҳбари илмии он доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифов З.Р. мебошад.
Ҳамзамон, диссертатсияи Назаров Ҳасан Сафармадович дар мавзуи «Такмили идоракунии рушди комплекси агросаноатӣ дар шароити татбиқи сиёсати воридотивазкунӣ (дар мисоли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон)» низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Рисолаи мазкур барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.6 – Иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ омода гардида, роҳбари илмии он доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор А. Мирсаидов мебошад.
Зимни муҳокима иштирокчиён ба мазмуну муҳтавои рисолаҳо, аҳамияти назариявию амалии мавзуъҳои интихобгардида, дараҷаи асоснокии натиҷаҳои илмӣ, навгониҳои пешниҳодшуда ва мувофиқати таҳқиқот ба ихтисосҳои интихобшуда таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Дар рафти баррасӣ ҷанбаҳои назариявӣ ва методологии таҳқиқот, истифодаи натиҷаҳои бадастомада дар амалия, сатҳи коркарди масъалаҳои илмӣ ва самтҳои такмили минбаъдаи диссертатсияҳо мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Мутахассисон ва иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба такмили баъзе бахшҳои таҳқиқот, таҳкими заминаи назариявию методологӣ ва асосноккунии натиҷаҳои илмӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуданд

