Дар доираи тадбирҳои маърифативу фарҳангӣ донишҷӯёни курси якуми факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз китобхонаи вилояти ба номи Шамсиддин Шоҳин боздид намуданд.
Зимни боздид донишҷӯён бо фаъолияти китобхона, шароити фароҳамгардида барои мутолиа, захираи китобҳои бадеиву илмӣ ва дигар адабиёти соҳавӣ шинос шуданд. Ба онҳо оид ба тартиби истифодаи китобхона, имкониятҳои мутолиа ва нақши китобу дониш дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва рушди маънавии ҷавонон маълумот дода шуд.
Донишҷӯён таъкид намуданд, ки чунин ташрифҳо барои баланд бардоштани шавқу рағбат ба китобхонӣ, истифодаи самараноки вақти холӣ ва тақвияти маърифати фарҳангии онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Боздиди мазкур дар доираи иқдомҳои фарҳангӣ ва ҷиҳати тарғиби фарҳанги китобхонӣ миёни донишҷӯён баргузор гардид.

