Имрӯз муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Илҳомуддин ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф овард.
Зимни боздид муовини вазир бо фаъолияти таълимию илмии донишгоҳ, аз ҷумла бо шароити фароҳамовардашуда дар озмоишгоҳҳо ва лабораторияҳои таълимӣ шинос гардид.
Дар рафти боздид Иброҳимзода Илҳомуддин бо таҷҳизоти мавҷуда, имкониятҳои таълимию амалӣ ва раванди истифодаи онҳо дар омодасозии мутахассисони ҷавон шинос шуд.
Таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва истифодаи самараноки лабораторияҳои муосир дар баланд бардоштани сифати таҳсилот нақши муҳим дорад.
Боздиди мазкур дар доираи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия сурат гирифт.

