Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Омӯзгор ва нақши мондагори ӯ дар рушди маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, оғоз гардид. Ректори донишгоҳ омӯзгоронро ба муносибати иди касбӣ самимона табрик намуда, аз саҳми арзандаи омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас, рушди илму маориф ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб ёдовар шуд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор омӯзгорону кормандони донишгоҳ ба муносибати Иди касбии омӯзгор бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи рангини ҳунарӣ идома ёфт. Хонандагони Литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар васфи омӯзгор шеърҳо қироат намуда, бо иҷрои ҳамсарой хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.
Ҳамчунин, Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Амриддин Кабир бо сурудҳои «Меҳрнома» ва «Кабки дарӣ» баромад намуда, ба чорабинӣ шукуҳи хоса бахшид.
Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аюбӣ сурудҳои «Эй ҳамватан» ва «Кӯҳистонӣ»-ро иҷро намуд.
Дар барномаи фарҳангӣ ҳамчунин рақси якка дар иҷрои гулдӯхтари Литсейи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав, суруди «Дар хона оча бошад» дар иҷрои Сафарзода Комрон ва барномаи мусиқии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Латифзода бо сурудҳои «Нафас», «Попурӣ» ва «Ватан» пешкаши ҳозирин гардид.
Чорабинии тантанавӣ дар фазои идона баргузор гардида, бори дигар мақому манзалати омӯзгор ҳамчун роҳнамои маънавӣ, тарбиятгари насли наврас ва омили муҳими рушди маорифу илм таъкид гардид.
Показать меньше

