Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ҷаласаи Раёсати донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷаласа Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ оид ба масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти таълимӣ, тарбиявиро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа ҳолати феълии таълиму тарбия ва низоми хӯҷатгузорӣ дар факултетҳои химия, биология, физика, техника ва технологӣ буд. Вобаста ба ин масъала фаъолияти комиссияи марбута ва раванди ҳуҷҷатгузорӣ дар сохторҳои таълимии донишгоҳ таҳлил гардида, масъалаҳои такмил додани низоми ҳуҷҷатгузорӣ ва таъмини назорати мунтазам баррасӣ шуданд.
Аз рӯи масъалаи мазкур мудири кафедраи география, иқтисодиёт ва методикаи таълими география Қувватов Файзиддин гузориш пешниҳод намуд.
Дар идомаи ҷаласа Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба тарбия ҳолати риоя намудани либосҳои тавсиявӣ, иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва истифодаи телефони мобилӣ дар раванди таълим мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки риояи тартиботи дохилӣ, одоби донишҷӯӣ, интизоми таълимӣ ва муносибати масъулиятнок ба раванди таҳсил аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, масъалаи ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва татбиқи санадҳои дахлдор оид ба тарбияи шаҳрвандӣ ва пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар байни донишҷӯён баррасӣ гардид. Аз ҷумла, ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи либоси тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа таъкид гардид, ки риояи меъёрҳои муқарраргардида ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла телефони мобилӣ, бояд дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти факултетҳо ва омӯзгорон қарор дошта бошад.
Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба масъулон барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани фаъолияти таълимию тарбиявӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

