Чуноне, ки пештар иттилоъ дода будем дар толори варзишии донишгоҳ бахшида ба иди касбии устодон – Рӯзи омӯзгорон, мусобиқаи шавқовари варзишӣ аз намуди тенниси рӯйи миз ҷамъбаст гардид, ки дар он устодон ва кормандони факултетҳои донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланди варзишии худро нишон доданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ Маҳмадкарим Шарифзода, раиси Иттифоқи касабаи донишгоҳ, Эмомалӣ Набизода, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ иштирок ва баромад намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ҳадафи баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни ҳамкасбон, рушди тенниси рӯйи миз дар донишгоҳ мебошад. Мусобиқа муддати 3 рӯз идома намуда, дар он 15 дастаи факултетҳои донишгоҳ иштирок доштанд. Мусобиқа басо ҷолиб ва пуршиддат гузашт. Пас аз рақобатҳои шадид ва самимӣ, ғолибони мусобиқа муайян гардиданд:
-
Ҷойи 1-ум: Факултети педагогика ва варзиш;
-
Ҷойи 2-юм Факултети сиёсат ва идораи давлатӣ;
-
Ҷойи 3-юм: Факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттиллот.
Кибориён Бобоҷон (факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттиллот) ва Давлатова Тоҷинисо (факултети сиёсат ва идораи давлатӣ) бозингарони беҳтарини мусобиқа дониста шуданд.
Ғолибон ва бозингарони собиқадору беҳтарини мусобиқа аз ҷониби Иттифоқи касабаи донишгоҳ бо Ҷом, диплом, медал ва мукофотҳои молиявӣ қадрдонӣ карда шуданд.

