Имрӯз, 8-уми октябри соли 2026, дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси кушоди муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети физика, номзади илмҳои педагогӣ Раҳимзода Муҳаммаднаби баргузор гардид.
Дарси кушод дар гурӯҳи 105, ихтисоси биология, аз фанни физикаи умумӣ дар шакли машғулияти лексионӣ баргузор шуда, ба мавзуи «Ҳолати модда. Баъзе маълумотҳо оид ба физикаи молекулавӣ» бахшида шуд.
Зимни машғулият омӯзгор мафҳуми ҳолатҳои модда, хусусиятҳои асосии онҳо ва баъзе масъалаҳои марбут ба физикаи молекулавиро ба донишҷӯён шарҳу тавзеҳ дод. Дар ҷараёни дарс аз усулҳои муосири таълимӣ истифода гардида, донишҷӯён дар муҳокимаи мавзӯъ фаъолона иштирок намуданд.

