Имрӯз унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Тағойзода Зафар Зайнулло дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи пешбар аз рӯйи мавзуи илмии «Ташаккули омодагии омӯзгорони ояндаи математика ба татбиқи методикаи робитаҳои байнифаннии математика ва технологияҳои рақамӣ» баромад намуд.
Зимни баромад масъалаҳои марбут ба ташаккули омодагии касбии омӯзгорони ояндаи математика, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим ва аҳаммияти робитаҳои байнифаннӣ дар баланд бардоштани сифати таҳсилот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мавзуи мазкур дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир ва рақамикунонии соҳаи маориф аҳаммияти махсус дошта, ба такмили маҳорати касбии омӯзгорони оянда, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва баланд бардоштани самаранокии раванди омӯзиши математика равона шудааст.
Иштироки унвонҷӯи донишгоҳ дар чунин муҳити илмӣ барои муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, табодули афкор бо олимону муҳаққиқон ва такмили минбаъдаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

