9 октябри соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат дар нуҳ моҳи соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои соҳа барои семоҳаи чоруми соли равон муайян карда шуданд.
Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода доир шуда, дар он муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва мактабҳои Президентӣ, инчунин, дигар масъулону меҳмонон иштирок намуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илм ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён ва алоқамандони соҳаи маорифи кишварро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба кормандони соҳа дар иҷрои рисолати пурмасъулияти таълиму тарбияи насли наврас комёбиҳо орзу намуд.
Зимни суханронӣ вазир бо такя ба таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе баён гардида буданд, зарурати ҳамқадами замон будан, омӯзишу истифодаи технологияҳои муосир, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами таълиму тарбия, таҳия ва нашри китобҳои дарсии насли нав ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани синфхонаву озмоишгоҳҳоро махсус таъкид намуд.
Қайд гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2026 дар заминаи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои қонунҳои соҳавӣ, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ як қатор корҳои назаррасро анҷом додааст. Дастовардҳои бадастомада дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф, аз ҷумла, такмили заминаи ҳуқуқӣ, рушди таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ, рушди илм ва инноватсия, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рақамикунонии соҳа инъикос ёфтаанд.
Дар идомаи ҷаласа ба масъалаҳои рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ, сохтмони биноҳои нав, бартараф намудани ҳолати садамавии муассисаҳо ва тақвияти заминаи моддию техникии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ҳамчунин, масъалаҳои рақамикунонии соҳаи маориф, пайваст намудани муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи интернет ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баррасӣ шуданд.
Зимни муҳокима зарурати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, рушди илм ва инноватсия, инчунин, тақвияти ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъкид гардид. Дар баробари ин, масъалаҳои беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, риояи талаботи бехатарӣ ва таъмини иҷрои саривақтии супоришҳои роҳбарияти вазорат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар қисмати музокираҳо М. Сафарзода, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, А. Меҳримоҳ, сардори шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва А. Раҳмонзода, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм иштирок намуда, андеша ва пешниҳодҳои худро доир ба масъалаҳои муҳимми соҳа баён карданд.
Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа вазири маориф ва илм бо таъкид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар шароити рушди босуръати илму техника ва технологияҳо баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои муосир бояд дар меҳвари фаъолияти ҳар як корманди соҳа қарор дошта бошанд.
Вазир масъулони сохторҳои дахлдор, роҳбарони раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимиро вазифадор намуд, ки ҷиҳати бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, таъмини саривақтии муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ, тақвияти фаъолияти илмӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистон чораҳои мушаххас андешанд.
Дар фарҷоми ҷаласа лоиҳаи қарори ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2026 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2026 бо иловаҳо қабул карда шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

