Имрӯз дар Мавзеи таълимию таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби дотсенти факултети биология Шӯҳрат Рустамов аз фанни ботаника машғулияти амалӣ дар мавзуи «Занбӯруғҳои фузариёзӣ ва сиёҳшавии решаи рустанӣ» бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳҳои 101–102-и ихтисосҳои биология ва экология баргузор гардид.
Зимни машғулият донишҷӯён бо хусусиятҳои занбӯруғҳои фузариёзӣ, роҳҳои паҳншавии онҳо ва таъсири ин микроорганизмҳо ба рушди рустаниҳо шинос шуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои сабабҳои пайдоиши бемориҳои занбӯруғӣ, аз ҷумла сиёҳшавии решаи рустанӣ, нишонаҳои асосии беморӣ ва роҳҳои пешгирии он мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Омӯзгор Шӯҳрат Рустамов бо истифода аз имкониятҳои мавзеи таълимию таҷрибавӣ ба донишҷӯён доир ба аҳаммияти мушоҳидаҳои мустақим, муайян намудани нишонаҳои бемориҳои рустанӣ ва татбиқи донишҳои назариявӣ дар фаъолияти амалӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

