Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монографияи нави номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Раҷабализода Самандар Раҷабалӣ таҳти унвони «Нақши иттиҳодияҳои хонандагон ва донишҷӯён дар раванди татбиқи сиёсати ҷавонон: ҳолат ва дурнамо» дар ҳаҷми 224 саҳифа ба табъ расид.
Ин асари илмӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи муосир — нақш ва ҷойгоҳи иттиҳодияҳои хонандагону донишҷӯён дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бахшида шуда, ҷанбаҳои назариявӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва амалии ин равандро фаро мегирад.
Муаллиф дар монография асосҳои назариявию методологии омӯзиши сиёсати давлатии ҷавонон, хусусиятҳои ташаккул ва рушди иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, принсипҳо ва шароити татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Ҳамзамон, мақоми иттиҳодияҳои хонандагону донишҷӯён дар татбиқи сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизмҳои амалисозии он, самтҳои афзалиятнок ва дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар шароити муосир ба таври муфассал баррасӣ шудаанд.
Аҳаммияти илмии монография дар таҳлили ҳамаҷонибаи имкониятҳои иттиҳодияҳои хонандагону донишҷӯён ҳамчун иштирокчиёни раванди татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон зоҳир мегардад. Маводи пешниҳодшуда барои дарки амиқтари масъалаҳои марбут ба иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, рушди ташаббусҳои онҳо ва таҳкими заминаҳои ташкилии сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат менамояд.
Монографияи мазкур барои муҳаққиқон, донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, олимону омӯзгорон, кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҷавонон ва дигар алоқамандони масъалаҳои сиёсати ҷавонон ҳамчун сарчашмаи илмӣ ва маводи омӯзишӣ пешниҳод мегардад.
