Имрӯз дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо донишҷӯдухтарони донишгоҳ суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Нурализода Наргис, кормандони шуъбаи тарбия, ҷонишинони деканон оид ба корҳои тарбиявӣ ва донишҷӯдухтарон иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ Нурализода Наргис оид ба одобу ахлоқи донишҷӯдухтарон, риояи талаботи оинномаи донишгоҳ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва масъулияти ҷавонон дар ҷомеа ибрози назар кард.
Таъкид гардид, ки донишҷӯдухтарон бояд ба омӯзиши илму дониш, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию фарҳангӣ ва риояи одоби муошират таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Ҳамчунин, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, сару либоси тавсиявӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти илмию фарҳангии донишгоҳ аз масъалаҳои муҳими суҳбат буданд.
Дар фарҷом иштирокдорон доир ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуданд.

