Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Муқовимат ба терроризм ва экстремизм — вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд дар таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа» суҳбат- вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, майори адлия Д. Абдуллозода ва нозири калони шуъбаи мазкур Б. Шоҳқурбониён иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами таъмини амнияту суботи ҷомеа суханронӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи зуҳуроти хатарноки замони муосир буда, барои амнияти давлатҳо, оромии ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд. Дар ин замина, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, Набизода Эмомалӣ, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ баромад намуда доир ба зарурати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии таъсири ақидаҳои ифротӣ ба шуури ҷавонон андешаронӣ намуданд.
Зикр шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳар як шаҳрванд бояд дар ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорад.
Чунин вохӯриҳои маърифатӣ дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии донишҷӯён, ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва тақвияти масъулияти насли ҷавон дар назди ҷомеаву давлат нақши муҳим доранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, танҳо бо ҳамкории давлату ҷомеа ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ метавон бар зидди зуҳуроти номатлуби замони муосир муборизаи муассир бурд.

