Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шиносоии Сайдамирзода Баҳодур, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ бо омӯзгорони Маркази фарҳанг ва забони кореягӣ Ҷу Мун Су, Квон Баён Ок ва Ким Ҷонг Ҳи баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба фаъолияти марказ, омӯзиши забони кореягӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби донишҷӯён ва хонандагони Литсейи назди донишгоҳ ба омӯзиши забон ва фарҳанги Кореяро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти марказ дар таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои фарҳангиву таълимӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави омӯзишӣ барои ҷавонон нақши муҳим дорад.
Дар идомаи вохӯрӣ шартномаи дахлдор аз ҷониби муовини ректор оид ба таълим, Ҳамдамзода Хурсанд, ба имзо расонида шуд.
