Дар доираи чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи иттифоқҳои касаба, барои фаъолияти пурсамару софдилона, саҳм дар рушди ҳаракати иттифоқҳои касаба, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии кормандон, таҳкими ҳамкории иҷтимоӣ ва иҷрои вазифаҳои оинномавӣ Шарифзода Маҳмадкарим, раиси Иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, бо нишони фаъоли Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.
