Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Иттифоқҳои касаба ва рушди устувори донишгоҳ: шарикии иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва таҳкими сармояи инсонӣ» баргузор гардид.
Дар конференсия роҳбарият, намояндагони иттифоқи касабаи донишгоҳ, омӯзгорону кормандон ва дигар иштирокчиён ҳузур доштанд.
Нахуст, раиси Иттифоқи касабаи донишгоҳ Шарифзода Маҳмадкарим сухани ифтитоҳӣ намуда, оид ба нақши иттифоқҳои касаба дар ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатии кормандон, таҳкими ҳамкориҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти меҳнатӣ ибрози андеша кард.
Сипас, Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим иштирокчиёни конференсияро ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба табрик гуфта, таъкид намуд, ки иттифоқҳои касаба дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, таҳкими муносибатҳои меҳнатӣ ва таъмини фазои солими иҷтимоӣ дар муассисаҳои таълимӣ нақши муҳим доранд. Ҳамкории судманди маъмурияти донишгоҳ бо иттифоқи касаба яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии кормандон ва рушди устувори муассиса ба шумор меравад.
Дар идомаи конференсия мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик Мирзоев Ғолибшо дар мавзуи «Нақши иттифоқҳои касаба дар таъмини рушди устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» маърӯза намуда, доир ба аҳаммияти фаъолияти иттифоқҳои касаба дар беҳтар намудани муҳити меҳнатӣ, дастгирии кормандон ва таҳкими низоми идоракунии муассисаҳои таҳсилоти олӣ андешаронӣ кард.
Ҳамчунин, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Набизода Эмомалӣ дар мавзуи «Шарикии иҷтимоӣ ҳамчун омили таҳкими муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандони донишгоҳ» баромад намуда, муҳиммияти ҳамкории мутақобилаи маъмурияти муассиса ва иттифоқи касабаро дар ҳалли масъалаҳои меҳнатӣ, риояи ҳуқуқи кормандон ва баланд бардоштани масъулияти тарафҳо шарҳ дод.
Зимни баррасии мавзуъҳо иштирокчиён таъкид намуданд, ки фаъолияти самараноки иттифоқҳои касаба барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, дастгирии иҷтимоии кормандон, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти омӯзгорону кормандон аҳаммияти махсус дорад. Ҳамзамон, рушди шарикии иҷтимоӣ ва тақвияти ҳамкории созандаи байни маъмурияти донишгоҳ ва иттифоқи касаба метавонанд ба баланд бардоштани сифати фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ мусоидат намоянд.
Дар фарҷоми конференсия як гурӯҳ фаъолони Иттифоқи касабаи донишгоҳ барои саҳми арзанда дар фаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон ва тақвияти ҳамкориҳои иҷтимоӣ қадрдонӣ карда шуданд.

