Имрӯз дар саҳни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайдамириён Сорбон, омӯзгори факултети педагогика ва варзиши донишгоҳ, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» сазовори ҷойи дуюм гардидааст, бо гулдастаи гул пешвоз гирифта шуд.
Сайдамириён Сорбон дар жанри академӣ, дар номинатсияи «Оҳангсозӣ-бастакорӣ» ҳунару маҳорати баланди эҷодии худро нишон дода, дар ин озмуни бонуфузи ҷумҳуриявӣ мақоми дуюмро соҳиб гардид.
Пешвозгирии самимӣ нишонаи қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои эҷодии омӯзгор буда, ҳамзамон барои дигар омӯзгорону донишҷӯён намунаи ибрат ва мояи ифтихор мебошад.
Раёсат, ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайдамириён Сорбонро ба муносибати ин дастоварди арзанда табрик гуфта, барояш дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгорӣ ва эҷодӣ муваффақиятҳои нав, комёбиҳои бештар ва илҳоми бепоёни эҷодӣ таманно менамоянд.

