Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти маърифати донишҷӯён ва тарғиби фарҳанги мутолиа, донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба узвияти Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин ҷалб гардиданд.
Ин иқдом дар самти тақвияти робитаи донишҷӯён бо китобхона, фароҳам овардани имконоти васеи дастрасӣ ба адабиёти бадеӣ, илмӣ ва таълимӣ, инчунин ташаккули ҷаҳонбинии васеи ҷавонон аҳаммияти муҳим дорад.
Донишҷӯён тавассути узвият дар китобхона имкон пайдо мекунанд, ки аз захираи ғании китобҳо ва дигар маводи мутолиавӣ истифода намуда, донишҳои назариявии худро такмил диҳанд, ҷаҳонбинии хешро васеъ гардонанд ва барои омӯзиши амиқи забону адабиёти тоҷик заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Китобхонӣ дар ташаккули шахсияти донишҷӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифат, рушди тафаккури эҷодӣ ва такмили маҳорати суханвариву навишторӣ нақши муассир дорад. Аз ин рӯ, ҷалби ҷавонон ба китобхона ва фароҳам овардани шароити мусоид барои мутолиаи мунтазам яке аз самтҳои муҳими корҳои тарбиявию маърифатӣ ба шумор меравад.

