Дар факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилооти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби Ҳабибуллозода Кароматулло Ҳабибулло, номзади илмҳои педагогӣ, омӯзгори кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатика, дар гурӯҳи 102-и ихтисоси информатика аз фанни технологияи иттилоотӣ дарси кушоди маърӯзавӣ дар мавзуи «Нармафзорҳои компютерӣ» баргузор гардид.
Дар оғози машғулият омӯзгор оид ба мафҳум, моҳият ва аҳаммияти нармафзорҳои компютерӣ, нақши онҳо дар фаъолияти компютер ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Зимни маърӯза масъалаҳои асосии мавзуъ, аз ҷумла барномаҳои системавӣ, системаҳои амалиётӣ (оператсионӣ), барномаҳои амалӣ, забонҳои барномасозӣ, барномаҳои офисӣ, барномаҳои таъминоти бехатарӣ ва барномаҳои маишию хизматрасонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Омӯзгор вазифа ва хусусиятҳои ҳар як навъи нармафзорро шарҳ дода, бо мисолҳои мушаххас аҳаммияти онҳоро дар идоракунии захираҳои компютерӣ, коркарди маълумот, таҳияи ҳуҷҷатҳо, барномасозӣ ва ҳифзи иттилоот фаҳмонид. Ҳамзамон, ба масъалаҳои истифодаи дурусти барномаҳо, пешгирии таҳдидҳои рақамӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ҷараёни машғулияти маърӯзавӣ донишҷӯён бо мавзуи пешниҳодшуда шинос гардида, донишҳои назариявии худро оид ба намудҳо ва вазифаҳои нармафзорҳои компютерӣ тақвият бахшиданд. Мазмун ва муҳтавои дарс ба баланд бардоштани саводнокии рақамӣ, рушди тафаккури техникӣ ва ташаккули малакаҳои касбии донишҷӯёни ихтисоси информатика равона карда шуд.
Баргузории чунин дарсҳои кушод барои баланд бардоштани сифати таълим, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, татбиқи усулҳои муосири таълим ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ аҳаммияти муҳим дорад.

