Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин маҳфили «Маснавихонӣ» бо иштироки омӯзгорон Абдураҳмонзода Салоҳидин, Давлатбекзода Вайсидин, муовини директори МД КОВХ ба номи Ш.Шоҳин, роҳбари маҳфил ва донишҷӯёни факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.
Дар маҳфил иштирокдорон аз осори пурғановати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ қироат намуда, доир ба арзишҳои баланди маънавию ахлоқӣ ва инсонпарваронаи «Маснавии маънавӣ» андешаронӣ карданд.
Маҳфил бо мақсади тарғиби осори адабиёти классикӣ, таҳкими фарҳанги китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати маънавии ҷавонон баргузор гардид.
Китобхона барои ҳамкории судманд ва иштироки фаъолона ба омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав изҳори сипос менамояд.

