Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини аввали сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар, подполковники милитсия Ривоҷзода Каримҷон, намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабиниро мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Набизода Эмомалӣ ифтитоҳ намуда, оид ба аҳаммияти ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ ибрози андеша кард. Таъкид гардид, ки ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, риояи интизоми донишҷӯӣ ва эҳтиром ба меъёрҳои қонунгузорӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти тарбиявии донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Сипас, Умарҷони Эмомалӣ, муовини аввали сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиботи ҷамъиятӣ ва истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳушёрии ҳуқуқии ҷавонон ва саҳми муассисаҳои таълимӣ дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Зимни мулоқот таъкид шуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлату миллат бояд бо дониш, ҷаҳонбинии васеъ, ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба қонун дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоянд. Ҳамкории пайвастаи донишгоҳ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад дар таҳкими интизому тартибот, пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ ва фароҳам овардани муҳити солими таълиму тарбия нақши муҳим гузорад.
Дар фарҷоми мулоқот зарурати тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва тарбияи ҷавонони қонунмеҳвар таъкид гардид.

