29 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2028-2029 баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки дар заминаи дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми умумии он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2026 ба маблағи 15,1 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 23,2 фоиз зиёд мебошад.
Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2027 36,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Даромади буҷети давлатӣ мутобиқи дурнамо дар соли 2028 90,2 миллиард сомонӣ ва дар соли 2029 104, 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалисозии барномаю стратегияҳо дар назди вазорату идораҳои марбута як қатор супоришҳо гузоштанд, аз ҷумла рақамикунонӣ ва мубодилаи электронии маълумот, васеъ кардани заминаи андозбандӣ ва бартараф намудани қарзҳои андозӣ, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти маҳсулот ва ғайра.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Сипас, дар кори маҷлис Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2028-2029, Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026-2030, Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи амал оид ба амалигардонии Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 дар солҳои 2027-2028 муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои дар маҷлиси навбатӣ баррасишуда, ба масъулони сохторҳои марбута супоришҳо доданд.
Дар фароварди маҷлис Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба ҷамъоварии бетелафи ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо молҳои ниёзи аввал, захираи кофии маводи сухт барои давраи зимистон ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 40 солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.

