Бо мақсади тақвияти фарҳанги китобхонӣ донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба узвияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Шамсиддин Шоҳин шомил карда шуданд.
Зимни ин ташаббус донишҷӯён бо имконияту шароити китобхона, захираи адабиёти бадеӣ, илмӣ ва таълимӣ шинос гардида, барои истифодаи мунтазам аз фонди китобхона ва мутолиаи китобҳои мавриди таваҷҷуҳ имконият пайдо намуданд.
Мақсади асосии иқдоми мазкур ҷалби бештари донишҷӯён ба мутолиаи китоб, ташаккули одати китобхонӣ, рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии онҳо мебошад.
Зеро мутолиаи китоб дар ҳаёти донишҷӯ, бахусус дар ташаккули шахсияти филолог, нақши муҳим дошта, барои такмили нутқ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ ва дарки амиқи арзишҳои забонию адабӣ мусоидат менамояд.
Ин иқдом дар доираи таваҷҷуҳи донишгоҳ ба рушди маърифатнокии ҷавонон ва густариши фарҳанги китобхонӣ роҳандозӣ гардидааст.

